Хизматрасонии нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон: акнун шумо метавонед пешакӣ корти Сберро дар ташкилоти қарзӣ – шарики Сбер дар кишвари худ фармоиш диҳед ва баъдан онро дар идораи интихобшудаи хизматрасонии муштариёни Сбер дар Москва бигиред.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Москва доранд, акнун метавонанд фосилавӣ корти Сберро дар бонкҳои худ кушоянд. Барои ин, ба бонки худ муроҷиат карда, метавонанд маҷмӯи минималии маълумотро дар бораи худ пешниҳод намоянд ва интихоб кунанд, ки дар кадом шӯъбаи Сбер дар Москва гирифтани корт қулай аст. Сбер ба бонки шарик оиди омода будани корт хабар медиҳад, ва пас муштарӣ бояд танҳо ба идораи интихобшудаи Сбер ояд, раванди тасдиқро гузарад, шартномаи хизматрасонии бонкиро бандад, суратҳисоб кушояд ва кортро гирад.
Корти Сбер бартариятҳои зиёде дорад. Дар моҳи судури корт ва 3 моҳи баъд аз он барои хизматрасонии корт пардохт кардан лозим нест. Сипас, онро метавон минбаъд ҳам ройгон истифода бурд, агар харидҳои моҳона аз 5 ҳазор рубл зиёд бошад ё маоши муайян ба корт гузаронида шавад. Бо чунин корт, шумо метавонед дар банкоматҳо ва хазинаҳои Сбер то 300 ҳазор рубл дар як шабонарӯз без комиссия гиред ва маблағро ба кишвари худ интиқол диҳед (комиссия аз 1% зиёд намешавад).
Ҳамин тариқ, ҳамагӣ бо як ташриф овардан ба идораи Сбер, муштарӣ метавонад муҳимтарин хизматрасониҳои бонкиро бигирад: супоридани маблағи патенти кор дар Россия, интиқоли маблағ ба наздикон, кушодани амонат, гирифтани маблағи нақдӣ ва ғайра.
Шарики аввалини Сбер дар ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ ТАҚХ “Матин” дар Тоҷикистон мебошад. Рӯйхати бонкҳо ва кишварҳо аллакай имсол васеъ карда мешавад.