Дӯстони азиз!
Аз номи Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ халқи Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям!
Сивупанҷ соли истиқлолият марҳалаи муҳими таърихие мебошад, ки дастовардҳои бузург, озмоишҳо, меҳнати созанда ва талошҳои пайвастаро баҳри таъмини сулҳу шукуфоӣ дар бар мегирад. Солҳое, ки дар тӯли онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории худро устувор намуд, мероси бойи фарҳангиашро ҳифз кард ва мавқеи шоистаи хешро дар ҷомеаи байналмилалӣ мустаҳкам сохт.
Барои Украина, ки имрӯз мардонавор аз озодӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ҳуқуқи соҳибихтиёрии халқаш ҷиҳати мустақилона муайян намудани ояндаи хеш мудофиа мекунад, арзиши истиқлолият аҳамияти хос ва амиқ дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба талошҳои халқи тоҷик дар роҳи ҳифзи давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо эҳтироми махсус муносибат менамоем.
Украина ва Тоҷикистонро муносибатҳои деринаи дӯстона, эҳтироми мутақобила ва робитаҳои зичи инсонӣ ба ҳам мепайванданд. Итминони комил дорам, ки халқҳои мо дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш дода, ҳамдигарфаҳмиро таҳким менамоянд ва ташаббусҳоеро, ки ба таъмини сулҳ, амният ва рушди устувор нигаронида шудаанд, дастгирӣ хоҳанд кард.
Дар ин рӯзи ҷашни фархунда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, субот, шукуфоии рӯзафзун ва комёбиҳои нав ба навро орзумандам!
Бигзор истиқлолияти Тоҷикистон дар оянда низ заминаи боэътимод барои созандагӣ, рушд ва ҳаёти шоистаи наслҳои оянда боқӣ бимонад!
35-солагии Истиқлолият муборак бошад!
Бо эҳтироми амиқ ва беҳтарин таманниёт,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Украинадар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Евдокимов















































